-
Бале
-
1) Агар сабтном кунед, маълумоти пешрафт ҳамроҳ бо таърихи пешрафт хоҳед дошт.
2) Тавассути хайрияи хурд метавонед бе таблиғот омӯзед.
-
Пас аз хайрияи хурди шумо, таблиғотро аз ҳисоби шумо хориҷ мекунем. Сабр кунед, зеро ин раванд дастӣ аст.
-
Метавонед кӯмак кунед тавассути — 1) навиштани тафсир дар бораи он чи маъқул ва он чи напасандидед
2) навиштани идеяҳоятон дар бораи чӣ тавр беҳтар кардани таҷрибаи омӯзиш (ва ҳар чизи дигар, албатта)
3) гуфтан ба дӯстонатон дар бораи мо (мубодила кардани сомонаи мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пайвастан ба мо дар https://www.facebook.com/TouchTypingStudy)
-
Вақти лозимии азхуд кардани хуби матннависии ламсӣ ба худи шумо вобаста аст. Муҳим аст, ки мунтазам машқ кунед. Барои натиҷаҳои хуб тавсия медиҳем, ки рӯзона ҳадди ақал як дарс иҷро кунед.
Дар хотир доред, ки донистани мавқеи ҳамаи ҳарфҳо ҳанӯз маънои омодагии шумо барои матннависии тезро надорад. Ангуштонатон бояд намунаҳои зарурии ҳаракатро, ё ба ном “хотираи ҳаракатии мушакҳо”-ро барои мавқеи ҳар клавиши мушаххас инкишоф диҳанд, то бе фикр кардан дар бораи клавишҳо ё нигоҳ кардан ба клавиатура матн карда тавонанд. Ҳаракатҳои худкор танҳо тавассути такрори зиёд инкишоф меёбанд. Дар хотир бошад — танҳо машқ ба камол мерасонад, чизи дигар не!
-
Барои чен кардани к/д барнома мешуморад, чанд калима шумо дар як дақиқа навиштаед: 1 калима = 5 аломат, аз ҷумла фосилаҳо ва аломатҳои китобат.
-
Аз ҷиҳати техникӣ танҳо пайвасти интернет лозим аст. Аммо инчунин ангеза ва хоҳиши беҳтар кардани маҳоратҳои матннависии ламсии худ низ лозим аст.
-
Лутфан, мутмаин шавед, ки ҳангоми оғози матн Caps Lock фаъол нест. Маҳз вақте ки Caps Lock фаъол аст, барнома мепурсад, ки Shift ва ҳарфи мушахасшударо ҳамзамон зер кунед.
-
Омӯзиши матннависӣ барои ҳар касест, ки мехоҳад маҳоратҳои матннависии ламсии худро инкишоф диҳад. Матннависии ламсӣ маҳоратест, ки ба инсон имкон медиҳад бе нигоҳ кардан ба клавиатура барои ёфтани клавишҳои дуруст матн кунад.
-
Бале, омӯзиши матннависӣ барои шахсони дислексик ҳам мувофиқ аст. Бо маҳоратҳои матннависии ламсӣ, шахси дислексик нисбат ба касе, ки ин маҳоратро надорад, бартарии барҷастаро дорад. (Азбаски баъзе шахсони дислексик бо матни дастнависӣ мушкил доранд, матни чопшуда ба онҳо аз ҷиҳати ҳам суръат ва ҳам хонопазирӣ хеле кӯмак мекунад.) Ва гузашта аз ин, мавҷуд будани матн дар компютер хеле кӯмак мекунад, зеро метавон аз тафтиши имло истифода бурд!